Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба тартиби кор дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 баҳои баланд доданд

Мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба тартиби кор дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 баҳои баланд доданд


27-02-2020, 16:08.

Мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 ва участкаҳои интихоботии шомили ин ҳавза дидан намуда, ба тартиби кор дар онҳо баҳои баланд доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 Ҳотам Назарзода вобаста ба фаъолияти ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дар шаҳри Турсунзода ба мушоҳидон маълумот пешниҳод намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода №5 64 участкаи интихоботӣ мавҷуд мебошанд. Шумораи интихобкунандагон дар ин ҳавза ба 135 ҳазору 431 нафар баробар аст. Аз ҳавзаи мазкур номзадии 3 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Мушоҳидони байналмилалӣ дар баробари шиносоӣ бо шароиту имконоти мавҷуда дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Турсунзода №5 ҳамчунин бо фаъолияти ҳавза, аз ҷумла низоми ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии номзадҳо, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон ва дигар корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шинос шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, мушоҳидони байналмилалӣ вобаста ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба тартиби кор дар ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки бо чунин шароит интихоботи нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.
Вернуться назад