Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Тоҷикистон ва Туркия оид ба осору рӯзгори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конфронси муштарак доир менамоянд

Тоҷикистон ва Туркия оид ба осору рӯзгори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конфронси муштарак доир менамоянд


27-02-2020, 10:02.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия тасмим гирифтаанд, ки оид ба осору рӯзгори мутафаккири машриқзамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо конфронс ва дигар барномаҳои муштарак баргузор намоянд. Ин нукта 25 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал баён гардид.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин зимни мулоқот масоили умдаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода оид ба фаъолияти дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, ҳамкорӣ ва равобити дуҷониба дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати дарҳои боз маълумоти муфассал дод.
Сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал иброз намуд, ки ҷониби Туркия омода аст бо мамлакати дӯсти Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкорӣ боз ҳам саъй намояд.


Вернуться назад