Главная > Навидҳо > Санъати меъмории миллиро баланд бардорем

Санъати меъмории миллиро баланд бардорем


24-02-2020, 18:00.
Санъати меъмории миллиро баланд бардорем

Санаи 21 феврали соли 2020 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодулло бо иштироки роҳбарон, сармеъморон, сармуҳандиси лоиҳаҳо ва меъморони ташкилотҳои лоиҳакашӣ семинар –машварат дар мавзуи «Таҳлили ҳуҷҷатҳои лоиҳавии ба Кумита барои баррасии пешакӣ пешниҳодшуда ва тавсияҳо оиди баланд бардоштани санъати меъморӣ дар лоиҳакашӣ» баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумита Шаҳноз Ибодулло қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.
Санъати меъмории миллиро баланд бардорем

Қайд гардид, ки дар соли 2019 47 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмуъ 464 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва нисбати ҳар як лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Аз 464 лоиҳаи баррасигардида, 309 лоиҳа бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва ба инобатгирии он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.
Дар баробари ин ба 155 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурияти пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.
Санъати меъмории миллиро баланд бардорем

Муовини Раиси Кумита дар семинар – машварат нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар самти лоиҳакашии бинову иншоот муфассал қайд намуда, дар ҷамъбасти чорабинӣ ба роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва мутахассисон барои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи технологияи инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории аврупоӣ ва муосир, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисон ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуд.
Хабарнигори “РБ”
Вернуться назад