Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Дар Москва ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм намоиши аксҳо баргузор гардид

Дар Москва ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм намоиши аксҳо баргузор гардид


24-02-2020, 16:37.

Дар Москва бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҳамоиши ҷашнӣ ва намоиши аксҳо ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов роҷеъ ба таъриху фарҳанги шаҳри бостонии Саразм иброз намуд, ки он шаҳри таърихӣ дар Осиёи Миёна бо мавқеи муҳими стратегии худ ба сифати минтақаи пайвандгар миёни Амударё ва Сирдарё дар рушди он сарзамин дар ҳазорсолаҳои IV-III то милод нақши калидӣ доштааст. Зимнан роҳбари намояндагии дипломатӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ҳифозат ва нигаҳдошти макон ва осори таърихии Тоҷикистон, махсусан шаҳраки бостонии Саразм ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён таъкид намуд.

Мудири шуъбаи Шарқи Осорхонаи давлатии Эрмитаж П.Луре дар рӯнамоии худ роҷеъ ба пайдоиши Панҷакент ҳамчун таҷассуми шаҳри бостонии Суғди шарқӣ, ёдгориҳои Осиёи Миёна дар асрҳои қадим ва миёна, асри биринҷии Саразм, инчунин марҳилаҳои асосии таърихи Суғд суханронӣ намуд.

Мудири кулли Осорхонаи давлатии Шарқ А.Седов дар бораи пажӯҳишҳои бостоншиносони ҷаҳон ва профессори Донишгоҳи давлатии Москва Ш.Шукуров роҷеъ ба аҳамияти таърихию фарҳангии Саразм ва Суғд ҳамчун мероси ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.

Дар доираи ҳамоиш намоиши аксҳо дар мавзӯи «Аз Саразм то Суғдиён» баргузор шуд, ки дар он аксҳои дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бардошташудаи Сафарбек Солеҳ дар бораи шаҳраки Саразм ба намоиш гузошта шуданд. Дар он аксҳо бозёфтҳои бостоншиносӣ ва наққошиҳои деворӣ, ки инъикосгари достону ҳамосаҳо, сужетҳои жанрӣ ва халқӣ буда, дертар дар асари безаволи адабиёти тоҷику форс “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ бозтоб гардиданд, ба маърази ом гузошта шуданд.

Дар намоиш вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент ва Вазорати корҳои хориҷии Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Москва, чеҳраҳои маъруфи илму фарҳанг, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ


Вернуться назад