Главная > Навидҳо > Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Хуҷанд

Таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Хуҷанд


23-03-2016, 10:36.
21 март дар маркази вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Наврӯзи ҷаҳониро бо як шукӯҳи хосса таҷлил намуданд. Соли равон чорабинии асосии шаҳрӣ назди театри мазҳакавию мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардид. Аз субҳи барвақт баҳри таҷлили Наврӯзи аҷам сокинону меҳмонони зиёде ҷамъ омада буданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо меҳмонон аз шаҳрҳои Могилеви Ҷумҳурии Белорус, Уралски ФР ва дигарон аз хаймаю гӯшаҳои идонаи наврӯзии корхонаю муассисаҳо ва таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус дидан намуд. Раиси шаҳр ва меҳмонон ба маҳсули меҳнати эҷодкорон ва растаҳои ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, муассисаҳои таълимии эҷодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар намоиш ҳунарҳои миллии сокинони 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ҳунарҳое, ки замоне ба гӯшаи фармӯшӣ рафта буданд ба маъраз гузошта шуда буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми иштирокдорон ва меҳмонони чорабиниҳои наврӯзии маркази вилоятро бо ин танатанаҳои бошукӯҳ табрик намуда, баён дошт, ки маҳз бо кӯшиши пайваста ва иқдоми ватанпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо карда, соли 2010 бо қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун иди арзишманд ва мероси тамаддуни башарӣ эълон гардид.

Вернуться назад