Главная > Навидҳо > «Спитамен Бонк» дар шаҳри Бохтар боз як маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намуд

«Спитамен Бонк» дар шаҳри Бохтар боз як маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ намуд


12-02-2020, 11:16.

Дар маркази шаҳри Бохтар аз ҷониби “Спитамен Бонк” боз як маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти бонки мазкур хабар доданд.

Маркази хизматрасонии навбатӣ омода аст ба мизоҷони худ доираи васеи хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҷо мизоҷон метавонанд аз хизматрасонии «Интиқоли маблағ» тавассути низомҳои CONTACT, ЮНИСТРИМ ва WESTERN UNION истифода бурда, ҳамзамон кортҳои бонкии низомҳои “Корти миллӣ”/UnionPay ва VISA фармоиш диҳанд, инчунин оид ба дигар масъалаҳои бонкӣ маслиҳат гиранд.

Айни замон 25 филиал ва марказҳои хизматрасонии “Спитамен Бонк” дар саросари кишвар фаъолият дошта, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ номгӯи васеи хизматрасониро пешниҳод мекунад.

ДАР АКС: ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии «Спитамен Бонк» дар шаҳри Бохтар.


Вернуться назад