Главная > Навидҳо > Дар Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид

Дар Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид


10-02-2020, 18:16.

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид.

Китоби мазкур аз натиҷаи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Алмаато доир гардид, ба табъ расида, дар он маҷмӯи мақолаҳои илмии олимон ва муҳаққиқони тоҷику қазоқ оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», тайғийрёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ин самт гирд оварда шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» аз 12 то 14 декабри соли 2019 аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронси мазкур олимону коршиносони соҳа аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Вернуться назад