Главная > Навидҳо > Озмунҳои наврӯзӣ ҷамъбаст шуданд

Озмунҳои наврӯзӣ ҷамъбаст шуданд


21-03-2016, 10:58.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои ноҳияи Лахш дар даҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ҷашни Наврӯзи аҷам дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои наврӯзӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар озмунҳои ноҳиявӣ: барномаи фарҳангии беҳтарин, либоси беҳтарини наврӯзӣ ва дастархони наврӯзӣ ҷойи намоёнро сазовор шуда, ҷашни Наврӯзро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор намуданд.
Ғолибони озмунро аъзои ҳакамон дар рӯзи ҷашни Наврӯзи ноҳиявӣ эълон намуда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия онҳоро бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мекунад.

Вернуться назад