Главная > Навидҳо > Чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Боку

Чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Боку


21-03-2016, 10:55.
Бо ташаббуси Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ дар қасри «Crystal hall»-и шаҳри Боку чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии ҷашнӣ намояндагони дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок варзиданд ва ба маърази беш аз 2000 меҳмон анъанаҳои мухталифи наврӯзии ҳавзаи ҷашни Наврӯзи байналхалқӣ ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон бо таваҷҷуҳ бар афзалияти баргузорӣ ва таҷлили расмияти ин ҷашни бошукӯҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса бо дигар кишварҳо ибрози назар намуда, аз барномаи намоишҳои гӯшаи тоҷикон мутаассир гардиданд.
Дар доираи чорабинӣ бо ибтикори сафорат хаймаи Тоҷикистон бо намоиши мусаввараи рамзии Наврӯзи кишвар, китобҳо, тасвирҳо аз табиати дилкушои Тоҷикистон ва дастовардҳои он, асбобҳои гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур дастурхони идона аз анвои мухталифи меваҷот ва таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, инчунин суфраҳои ҳафтсин ва ҳафтшин ороста шуд. Инчунин гӯшаи идонаи Наврӯзи тоҷикӣ бо садои мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ фарогир буда, бо таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби ҷавонони кишварҳои гуногун қабул гардид.
Меҳмонони ҷашнвораро вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Азад Рагимов ва сафири Тоҷикистон бо иди Наврӯзи байналхалқӣ табрик намуданд.
Сафир гуфт, ки имрӯз дар бисёре аз кишварҳо иди Наврӯз ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта, сол то сол шукӯҳ ва дурахшонии хоссаро соҳиб гаштааст ва мардумони мо дар тӯли асрҳо анъанаҳои наврӯзиро мисли забони модариашон нигоҳ доштаву ҳоло онро ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии худ медонанд.

Вернуться назад