Главная > Навидҳо > Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ доир намуд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ доир намуд


31-01-2020, 13:21.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ доир намуд
Имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир намуд. Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода дар баромади худ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2019 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 12 миллиарду 140 миллиону 300 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 1 миллиоьну 364 ҳазору 500 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 21706 ҷойи талаба, беморхона барои 469 кат, дармонгоҳ барои 1059 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 1325 ҷой ба истифода дода шудаанд.
Қайд гардид, ки то имрӯз аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 62 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мариди амал қарор доранд.
Пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар соли 2019 ба маблағи 31190244,0 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 111,1 дарсади ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил медиҳад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ доир намуд
Аз ҷониби Кумита таҳияи «Маҷмӯи ҳарсемоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои асосии сохтмон», Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ ва индексҳои ҷории бозҳисобкунии арзиши корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ, васлгарӣ ва ба корандозиро ба анҷом расониданд.
Дар ин давра тибқи Нақшаи корӣ мутахассисони Кумита ҷиҳти ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва тадбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Дарвоз, Ванҷ, Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Гафуров ва ғайра сафарбар карда шуданд.
Аз натиҷаи боздиди гурӯҳҳои корӣ барои дар доираи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда ба роҳ мондани фаъолияти шаҳрсозӣ ва ба танзим даровардани маркази шаҳру ноҳияҳо, ободонии ҳудуд, ҳалли маҷмӯавии бунёди иншоот ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии мақомотҳои зикршуда мактуби расмӣ ирсол карда шуд ва раванди иҷроиши он зери назорат қарор дорад
Ҷамшед Аҳмадзода хотиррасон намуд, ки корҳои сохтмониву ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони Кумита қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронида шуда, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ мунтазам маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида истодааст.
Дар масъалаи Комиссияи кории Кумита оид ба ҳалли фаврии масъалаҳои «НБО Роғун» сарвари сохтмончиёни ҷумҳурӣ қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Шӯрои нозирон, Ситоди ҷумҳуриявӣ, иҷрои Нақшаи тақвимии бакорандозии иқтидорҳои нерӯгоҳ чораҳои зарурӣ андешида, масъалаи бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин кардани нерӯгоҳ, масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ ва техникии иншоот ва дархостҳои ташкилотҳои дар «НБО Роғун» фаъолиятдошта, ҳаллу фасл гардиданд. Аз тарафи мутахассисон дар давоми соли 2019 оид ба назорати сифати корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншооти «НБО Роғун» 424 санҷиш гузаронида шуда, 575 камбудиҳо ошкор карда шуданд. Ҳамзамон барои ислоҳ кардани камбудиҳову нуқсонҳои ҷойдошта ба масъулини сохтмон 131 адад амрномаҳо супорида шуд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нишасти матбуотӣ доир намуд
Кумита дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои протоколии Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» ва ҳамчунин масъалаҳое, ки аз ҷониби Гуруҳи тадбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор дода, дар муҳлатҳои муайян ба иҷро расонид.
Чун ҳар вақта, хабарнигорон ба саволҳои худ аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисону роҳбарони зерсохторҳои Кумита посухҳои мушаххас гирифтанд.
Хабарнигори «Рӯзномаи бинокорон»
Вернуться назад