Главная > Навидҳо > Дар Тоҷикистон «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд

Дар Тоҷикистон «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд


16-01-2020, 16:00.
Дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ», «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон»-ро таъсис дод. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз фаъолияти «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» шинос шуд.

Дар маркази мазкур 20 нафар кормандони дорои касбияти гуногун дар самти технологияи иттиллотӣ, омори тиббӣ ва кори иҷтимоӣ тариқи шартнома ба кор ҷалб карда шуданд. Онҳо дар давоми 4 рӯзи аввали фаъолият ба махзани ягонаи электронӣ маълумоти зиёда аз 8 ҳазор маъюбро ворид намуданд. Дар назар аст, ки ҳар моҳ на кам аз 25 ҳазор варақаҳои аз нав бақайдгирифташудаи шахсони маъюб ба махзани ягонаи электронӣ ворид карда шаванд.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии пурраи маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ, ки дар ҳайати он асосан зерсохторҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии шаҳру ноҳияҳо шомиланд, дар муддати 4 моҳ анҷом дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» амалӣ шуда истодааст. «Тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад. Ин тадбир имкон фарҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархурдор бошанд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.


Вернуться назад