Главная > Навидҳо > Соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев дар Хоруғ бинои 13-ошëна месозад

Соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев дар Хоруғ бинои 13-ошëна месозад


18-12-2019, 10:58.

16 декабр бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов ва раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ дар маркази шаҳри Хоруғ хишти аввали бинои 13-ошëна гузошта шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти дастгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, соҳибкори ватанӣ Рузиқул Шоев тасмим гирифтааст, ки дар ободонии шаҳри Хоруғ саҳми арзанда гузошта, бинои 13-ошëна бунёд намояд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин бинои замонавӣ мавриди истифода қарор гирад.

Мавриди зикр аст, ки маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъд аз истиқлолият симои худро куллан дигар намуд. Аз ҷумла, қомат афрохтани биноҳои баландошëна ва ба истифода додани чандин майдончаҳои варзишӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Вернуться назад