Главная > Навидҳо > Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» сурат гирифт

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» сурат гирифт


2-12-2019, 11:37.
Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» муҳокима карда шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид.

Лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани Қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи Шӯро инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Вернуться назад