Главная > Навидҳо > Ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷои якуми Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҳисобида шуд

Ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷои якуми Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҳисобида шуд


27-11-2019, 10:52.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин ҷараён дорад.

Ин тасмим бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар робита ба ин дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз гузаронидани Озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, корҳои ободонию бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон дар ҳудуди ноҳия мебошад.

Бо назардошти корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти муосир ва тибқи хулосаи аъзои комиссия ҷои якум насиби Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва ҷои дуюм насиби Ҷамоати деҳоти Бунҷикат гардид.
Вернуться назад