Главная > Навидҳо > Хатлон: сафари наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ оғоз шуд

Хатлон: сафари наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ оғоз шуд


10-03-2016, 11:25.
Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони кишварро ба шаҳрҳои Норак, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Шӯробод, Ҷиликул, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав бо мақсади ташкили маҳфилҳои бадеӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, шабнишинии ҷавонон, мусобиқаҳои варзишӣ, муаррифии имкониятҳои туристӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва ба ин васила мусоидат намудан дар рушди туризми дохилӣ ва тарғиби Наврӯзи байналмиллалӣ роҳандозӣ кардааст.
Субҳи имрӯз бо мавзеъҳои таърихии ш. Норак, аз ҷумла Баҳри кабуд, НБО-и Норак, боғи «Анор» ошно гардида, дар мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол байни духтарон бахшида ба иди Наврӯз иштирок намуданд.
Баъди нисфирӯзӣ корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорон ба н. Данғара сафарбар гардид.

Вернуться назад