Главная > Навидҳо > Имсол дар ноҳияи Ховалинг 5 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Имсол дар ноҳияи Ховалинг 5 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд


5-11-2019, 09:42.

Дар ноҳияи Ховалинг 49 муассисаи таълимӣ амал мекунанд, ки аз онҳо 1 боғчаи бачагона, 1 литсей, 1 гимназияи давлатӣ буда, боқӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Маорифчиёни ноҳияи Ховалинг дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия менамоянд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Нафиса Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки соли равон дар ноҳияи Ховалинг 5 муассисаи таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия бо тамоми шароити замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки хурсандии толибилмон ҳадду канор надошт. Аз ин баъд хонандагони ноҳия метавонанд дар синфхонаҳои барҳаво таълим бигиранд.

— Имсол барои таъмири муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 163 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид,-гуфт сардори шуъбаи молияи ноҳия Гулмаҳмад Зоирзода.

Бояд гуфт, ки иштироки хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррас буда, онҳо дар ин давра сазовори 33 медал гардиданд. Аз ҷумла, 8 медали тилло, 11 – нуқра ва 14 – биринҷӣ, ки 2 медали нуқраро дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиб шуданд.

Ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 12 ҳазору 199 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 920 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.


Вернуться назад