Главная > Навидҳо > СОМОН – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН! Гӯштингири шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид

СОМОН – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН! Гӯштингири шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид


18-10-2019, 08:13.
 СОМОН – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН! Гӯштингири шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар кишвари Марокаш ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, медали тиллоро ба даст овард.
Дар ин рӯз варзишгарон дар вазнҳои 57 — 63 кг миёни занон ва 73 кг миёни мардон барои дарёфти медалҳо мубориза бурданд. Тоҷикистонро ду варзишгар — Сомон Маҳмадбеков ва Қоим Шукронов муаррифӣ намуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон Бекматов хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, варзишгари умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар даври якуми Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 73 кг бар намояндаи Кабо Верде — Семедо Клаудиано бо усули «иппон» дастболо шуд. Ӯ дар қувваозмоии даври дуюм ҳам бидуни мушкил дзюдочии қирғиз Асад Масабировро шикаст дод. Ҳарифи навбатии варзишгари мо Умаев Абдул Малик аз Белгия низ ба зури бозӯи Сомон тоб оварда натавонист. Сомон Маҳмадбеков ӯро нахуст бо як усули зебо, ки «вазарӣ» баҳогузорӣ шуд, партофта, баъдан ҳарифашро дар рӯи татами 10 сония ба пушт нигоҳ дошта, ба ғалаба муваффақ гардид.
Дар даври ¼- ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари италиёвӣ Мела Эдоардо неру санҷид. Аз оғози рақобат ин паҳлавони ҷавони тоҷик фаъол буд. Дар ниҳоят талошҳояш самар оварда, пеш аз муҳлат ҳарифро бо ҳамон ҳолати «осейкомӣ» нигоҳ дошта, ғалаба намуд. Барои баромадан ба даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба муқобили дзюдочии Австрия Самуел Гасснер ба татами баромад. Дар сонияҳои аввали рақобат Сомон Маҳмадбеков ҳарифро ба тахтаи пушт хобонида, ба финал баромад. Дар даври ниҳоӣ Сомонро варзишгари рус — Георгий Елбакиев интизор буд. Дар ин рақобат низ Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуда, медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Ҳамин тавр Сомон Маҳмадбеков номашро бо ҳарфҳои заррин дар таърихи дзюдои тоҷик сабт намуд. Сомон аввалин дзюдочӣ аз Тоҷикистон шуд, ки дар Чемпионати ҷаҳонии дзюдо байни ҷавонон сазовори медали тилло гардид.

Ёдовар мешавем, ки 16 октябр дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонони то 21-сола шурӯъ гардида, то 20 октябр идома меёбад.

Дар чемпионати мазкур 517 нафар варзишгарон (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок карда истоданд, ки миёни онҳо варзишгарони тоҷик низ ҳастанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардид, ки дар 3 вазн миёни мардон гӯштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати мазкур аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мегирад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ: ҷои аввал — 2500 доллари ИМА, ҷои дуюм – 1500 доллар, ҷойҳои сеюм – 850 долларӣ қадрдонӣ мешаванд.


Вернуться назад