Главная > Навидҳо > Шаҳри Конибодом ба куллӣ дигаргун мегардад

Шаҳри Конибодом ба куллӣ дигаргун мегардад


16-10-2019, 10:31.
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Аз оғози сол то имрӯз бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар шаҳри Конибодом 159 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашн то соли 2021 дар шаҳр бунёду навсозии 506 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки баъди ба истифода додани онҳо симои шаҳр ба куллӣ дигаргун мегардад. Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст дар маҷмуъ 252 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 49,8 дарсад иҷро гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, танҳо соли равон сохтмони 178 адад иншоот дар назар дошта шудааст. Дар 9 моҳ нақшаи бунёди иншоот бахшида ба ин ҷашни миллӣ 89,3 дарсад иҷро шудааст.
Вернуться назад