Главная > Навидҳо > «Набзи Қурғонтеппа»- набзи ҷомеа аст

«Набзи Қурғонтеппа»- набзи ҷомеа аст


7-03-2016, 14:36.
Дар литсеи рақами якуми шаҳри Қурғонтеппа бахшила ба 85- солагии ташкили рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қурғонтеппа» конфронси илми адабӣ доир гардид. Дар конфронс муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа Солиямо Қосимова, директори академияи ВАО-и Тоҷикистон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода доир ба рисолати касбии рӯзноманигорон, бахусус кормандони нашрияи «Набзи Қурғонтеппа» ибрози назар намуданд. Тавре ки зикр гардид, рӯзномаи мазкур тӯли 85 сол доир ба ободонию бунёдкориҳои водии Вахш, рушду нумуи ҷомеа, дастовардҳои заҳматкашон матолиб нашр мекард. Зинатуллоҳ Исмоилзода -директори Академияи ВАО ҳамчунон доир ба вазьи имрӯзаи расонаҳои ахбори умуми ҷумҳурӣ, хизмати рӯзноманигорон дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуд. Номбурда доир ба руйдоди муҳими ҷумҳурӣ- кушодашавии телевизионҳои «Варзиш» ва «Синамо» ҳамчунин таьсиси Академияи ВАО бо ибтикору иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро баён дошта, аз ҷумла зикр намуд, ки ғамхориҳои Сарвари давлат рӯзноманигоронро водор месозад,ки бештар фаьолият намоянд.
Ба собиқадорону рӯзноманигорон туҳфаю ифтихорномаҳои ИЖТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа супурда шуд.

Вернуться назад