Главная > Навидҳо > ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад

ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад


16-09-2019, 16:07.

Муштзани маъруфи тоҷик, чемпиони мусобиқоти Осиё-2019 Баҳодур Усмонов ба даври сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷараён дорад, роҳ ёфт.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври дуюм бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир бо накаути техникӣ ғалаба кард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари Украина Александр Железняк дастболо шуда буд. Ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ варзишгари Франсия Софиан Оумиҳа мебошад. Софиан чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни 60кг буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро дар вазни -64кг ба даст овардааст. Муҳорибаи онҳо 17 сентябр сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки дар 20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 кг) иштирок доранд.

Бахтовар ва Мирзомуҳаммад дар зӯрозмоиҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд ва Шаббос бар Лиридон Нуаи шведӣ ғолиб омада, дар даври дуюм аз боксчии мисрӣ Абдураҳмон Орабӣ мағлуб шуда, аз идоми мусобиқа маҳрум гардид.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ миёни мардон, ки то 21 сентябр идома меёбад, 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ — -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг – иштирок доранд.


Вернуться назад