Главная > Навидҳо > Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара боздид намуданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара боздид намуданд


12-09-2019, 08:59.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.

Дар ин ҷо корхонаҳои саноатии дар ҳудуди вилояти Хатлон мавҷуда маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба маъраз гузоштанд.

Танҳо дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси қариб 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расонида шуда, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст.

Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот сабаби ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва бештар шудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид. Оянда бунёду ба истифода додани иншооти нави саноатӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда марҳила ба марҳида амалӣ гардонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат масъулинро барои таъмини рушди аз ин ҳам бештари соҳаи саноат вазифадор намуданд.
Вернуться назад