Главная > Навидҳо > Дар ноҳияи Айнӣ соҳибкор Маҳмадсолеҳ Солеҳов 6 км роҳи мошингардро навсозӣ кард

Дар ноҳияи Айнӣ соҳибкор Маҳмадсолеҳ Солеҳов 6 км роҳи мошингардро навсозӣ кард


12-09-2019, 09:44.

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар деҳаи Ғабируди Ҷамоати деҳоти Анзоб коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн ифтитоҳ гардиданд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Амир Ҷӯраев бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Марзичи Ҷамоати деҳоти Анзоб толори варзишӣ ба истифода шуд. Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳа ҷойгир буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадсолеҳ Солеҳов роҳи мошингард аз деҳаи Такфон то деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб таъмир ва навсозӣ карда шуд. Дарозии роҳ шаш километрро ташкил медиҳад ва зимни навсозию барқароркунии роҳ қариб дар бист нуқта корҳои таркишӣ ба амал оварда шуданд. Дар натиҷа роҳ хеле васею ҳамвор гардида, тавассути он айни ҳол ду мошин ҳаракат карда метавонанд.


Вернуться назад