Главная > Навидҳо > Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: Таъйини ҷарима барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: Таъйини ҷарима барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»


23-02-2016, 13:27.

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Митра Апурв Бхушан, шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон, соли таваллудаш -1991, миллаташ ҳинду, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 20, ҳуҷраи 3 дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки номбурда дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 81, биноро ба иҷора гирифта, тарабхона кушода, дидаю дониста бар хилофи талаботи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, номи тарабхонаашро бо забони ғайридавлатӣ Salam-Namaste гузоштааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Митра Апурв Бхушан ба гуноҳаш иқрор шуда, нишон дод, ки тарабхонаи Salam-Namaste тахминан ду сол шудааст, ки бо ин ном фаъолият дорад ва ғизономааш низ бо забони англисиву русӣ аст.
Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» матни мӯҳру тамғаҳои ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Аз маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ бармеояд, ки ҳуқуқвайронкунанда Митра Апурв Бхушан талаботи қонуни мазкурро вайрон намудааст. Суд бо дастрасии моддаҳои 140-142 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки Митра Апурв Бхушан бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 800 (ҳашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шавад.

Вернуться назад