Главная > Навидҳо > Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни нашъунамои майдони картошка дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни нашъунамои майдони картошка дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и Кӯҳистони Мастчоҳ шинос шуданд


20-08-2019, 14:00.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» бо фаъолияти кишоварзон шинос шуда, аз ҷараёни нашъунамои картошка дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати заминҳои корам дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба 124,2 гектар баробар буда, аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд. Деҳқонони хоҷагӣ пайваста барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ талош карда, дар парвариш ва захираи ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ аз роҳу услуҳои нав ва тухмиҳои хушсифат истифода мебаранд. Феълан дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» навъҳои гуногуни картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Бик Роза», «Алладин», «Пикасо» ва ғайра парвариш карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли гузашта кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Роғ» аз ҳар гектар замин аз 250 то 300-сентнерӣ ҳосил ба даст оварда буданд. Имсол вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳаво дурнамои ҳосил аз ҳар гектар то 350- сентнерӣ аст.

Деҳқонон барои нигаҳдории картошка аз чағора-анбори зеризаминӣ истифода мебаранд. Танҳо дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 205 адад чунин анборҳои зеризаминӣ мавҷуд буда, ғунҷоиши ҳар яке аз онҳо аз 8 то 25 тоннаро дар бар мегирад. Мувофиқи иттилои мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чунин анборҳои зеризаминӣ имкон медиҳанд, ки картошка дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шуда, тару тоза ва босифат ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда шавад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва нашъунамои картошка дар деҳаи «Роғ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ноҳиявию ҷумҳуриявиро вазифадор сохтанд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, сол аз сол масоҳати заминҳои корамро васеъ гардонанд. Зеро фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ, хони пурнозу неъмати сокинон ва ниҳоят татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста аст.
Вернуться назад