Главная > Навидҳо > Сохтмончиён дар талоши ободии Ватананд

Сохтмончиён дар талоши ободии Ватананд


10-08-2019, 10:18.

Сохтмончиён дар талоши ободии Ватананд
Ҷамшед АҲМАДЗОДА,
раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 ноябри соли 2016, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамкасбони муҳтарам - сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, собиқадорони соҳаи сохтмону меъморӣ ва истеҳсолгарони масолеҳи сохтмонии ватаниро бо ҷашни касбиашон сидқан табрик намуда, барояшон саломатӣ ва дар фаъолияташон дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям.
Боиси хушнудист, ки нуфузу обрӯи сохтмончиёни кишвар ва касби бинокор сол ба сол баланд гардида истодааст. Чунки тамоми биноҳои беҳтарину мондагор, шаҳрҳои зебо ва иншооти бузурги меъморӣ - мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳову истироҳатгоҳҳо, қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг, варзишгоҳҳо, хонаҳои замонавӣ, кохҳои дилрабо, меҳмонхонаву китобхонаҳо ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву фарҳангӣ бо дастони пурэъҷози ҳамин бинокорон бунёд шудаанд.
Имрӯз дар сар то сари мамлакат бунёди иншооти нави замонавӣ бомаром идома дорад. Сохтмончиён танҳо дар як соли охир садҳо бино бунёд намудаанд, ки ин саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии Ватанамон мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 5 миллиарду 176 миллион сомонӣ сармояи асосӣ истифода шуд. Фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиарду 670 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ 4 миллиарду 326 миллион сомониро ташкил дод.
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ зиёда аз 60 лоиҳаи ангоравии муассисаҳои истеҳсолӣ, таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ таҳия гардид.
Корҳои сохтмону ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати ин ҷашни фархунда ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони кумита қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузарондашуда дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Мутахассисони кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сифати корҳои сохтмон ва риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро дар 1169 иншоот таҳти назорат қарор доданд.
Дар ин давра 1733 санҷиши сифати корҳои сохтмону васлгарӣ гузаронда, ба шахсони масъул 921 амрнома дода, ба 288 шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 455 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.
Аз тарафи кумита нисбат ба фармоишгарон ва пудратчиёне, ки камбудиҳои ошкоргардидаро сари вақт бартараф накарданд, ба унвони Прокуратураи генералӣ, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва фармоишгарон барои чораҷӯӣ ва ислоҳи камбудиҳо 53 мактуб ирсол гардид. Дар нимсола барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмону лоиҳакашӣ 251 муроҷиат ворид гардида, 149 довталаб иҷозатнома гирифт, ҳуҷҷатҳои 29 довталаб таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор доранд.
Мутахассисони кумита дар ин муддат 312 лоиҳаи кориро аз ташхис гузаронда, ба 218 лоиҳа хулосаи мусбат ва ба 7 лоиҳа хулосаи манфӣ доданд. Ҳоло 80 лоиҳаи корӣ таҳти баррасӣ қарор дорад.
Кумита дар асоси нақшаи корӣ барои соли равон бо мақсади ба танзим даровардани раванди корҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо 27 феврал дар шаҳри Бохтар, 14 март дар шаҳри Душанбе, 5 апрел дар ноҳияи Нуробод, 25 апрел дар ноҳияи Шаҳритуз, 28 май дар ноҳияи Данғара, 13 июн дар шаҳри Истаравшан ва 14 июн дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои интихобу додани қитъаи замин, лоиҳакашӣ, мувофиқа ва додани иҷозати сохтмон” бо иштироки муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ташкилотҳои минтақавии лоиҳакашӣ, намояндагони сохторҳои минтақавии муҳандисӣ ва роҳбарону кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо семинар - машварат баргузор намуд. Баргузории чунин семинар - машварат дар моҳи августи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақшаи корӣ, мутахассисони кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ рафти корро дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Кушониён, Дӯстӣ, Панҷ, Хуросон, Норак, Данғара, Ёвон, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Восеъ, Бохтар, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент санҷиданд. Натиҷаҳои санҷиш барои ислоҳи кор, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида, рафти ислоҳи камбудиҳо таҳти назорат гирифта шуд.
Қобили зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардидааст.
Бо талошҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу зебо гардида, иморатҳои боҳашамати навбунёд, гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба шаҳр куллан ҳусни тоза бахшидаанд.
Мо, сохтмончиён, раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, барои истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷуда ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон талош хоҳем кард.
Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни мамлакат минбаъд низ бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебароянд ва барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.
Вернуться назад