Главная > Навидҳо > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд


2-08-2019, 10:20.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилдидаи ин даргоҳанд ва саҳми дигар соҳибкорони маҳҳаллӣ бунёд ёфтааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дорои 27 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Ҳамзамон як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шуда, барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ҳамчунин барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, он ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва хати барқ кашонида шуда, ҳамчунин трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамонияти неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор карда шудааст. Ҳамзамон роҳи маҳаллие, ки то назди муассисаи таълимӣ мерасад, ба масофаи 2,5 километр аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо пурра таъмиру таҷдид гардида, шароити мусоид барои рафтуои хонандагону шаҳрвандон ва нақлиёт дар ин масир фароҳам оварда шуд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ, Пешвои миллат ҳамчунин аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созандаи Ватан ба камол расанд.
Вернуться назад