Главная > Навидҳо > Сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезаки ноҳияи Тоҷикобод бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд

Сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезаки ноҳияи Тоҷикобод бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд


22-07-2019, 11:09.
Дар Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия ва меҳмонон маросими мавриди истифода қарор додани хати оби нушокӣ ва хатнасури 15 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат сурат гирифт.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифта, рӯз аз рӯз шароити зиндагии мардуми деҳот беҳтар мегардад. Аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ бо дарназардошти зиёд гардидани аҳолӣ дар ҷамоати мазкур яке аз мушкилоти аввалиндараҷа дар ноҳия маҳсуб мегардид.

Имрӯзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони муваффақ ин мушкилӣ то андозае ҳал гардида истодааст. Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак солҳои охир аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд. Хати оби нӯшокӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Ширинчашма Холмурод Мираков аз масофаи 6 км кашонида шуда, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 80 нуқтаро дар бар гирифта, барои 100 хоҷагӣ, яъне зиёда аз 600 нафар аҳолии деҳаҳои мазкур бо харҷи 135 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ҳамчунин дар маросими кушодашавии лоиҳаи хати оби нӯшокӣ хатнасури 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ гузаронида шуд.
Вернуться назад