Главная > Навидҳо > Варзишгари маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид

Варзишгари маъруфи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид


20-07-2019, 11:02.
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон 18-19 июли соли равон бо иштироки 175 нафар варзишгар (120 мард, 55 зан) аз 11 давлат баргузор шуд.

Бояд зикр кард, ки Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг қувваозмоиро аз даври ҳашякфинал оғоз карда, пас аз пирӯзӣ бар Чингизхон Шокиров аз Ӯзбекистон ва Динахмет Руссимбек аз Қазоқистон ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар Ибрагим Маргиев аз Россия дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи дигари Қазоқистон Виктор Демяненко мағлуб гардид.

Бояд гуфт, ки Саидҷалол соли гузашта ғолиби ҳамин мусобиқа гардида буд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи мазкур аз ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар варзишгар – 6 мард, 2 зан иштирок доштанд. Дар вазни -60кг Давлаталӣ Назаралиев пас аз пирӯзӣ бар намояндаи Қазоқистон Нуржан Абет, дар чорякфинал аз варзишгари Россия Рамазон Абдуллоев шикаст хӯрд.

Давлаталӣ сипас дар қувваозмоии тасалллобахш варзишгари Озорбойҷон Балабай Ағаевро мағлуб намуд, вале дар мубориза барои ҷои сеюм аз намояндаи дигари Озарбойҷон Яшар Наҷафов шикаст хӯрда, ҷои панҷумро ишғол намуд. Дар вазни -66кг Ҷамолиддин Абдуллоев ва Шаҳзод Воҳидов, дар вазни -73кг Раҳматулло Фарҳодов, Мирзоҷамил Рамазонов, Эраҷ Абдуллоев, дар вазни -81кг Ҳамроз Раҷабов, миёни бонувон дар вазни -48кг Шукрона Қарчиева, дар вазни -52кг Фазилат Гулбоева дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.


Вернуться назад