Главная > Навидҳо > Аз ҳаёти ҷавонони Файзобод

Аз ҳаёти ҷавонони Файзобод


9-02-2016, 15:51.
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, ШКДАМ, ШВКД, прокуратураи ноҳия, Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба тарғиби муҳтавои нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро бо фаъолону ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрии муштарак баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷомеа ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин прокурори ноҳия Азиззода Сафо Саид дар масъалаи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва даст задан ба ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили одамкушӣ, худкушиву худсӯзӣ иброз дошт, ки ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа байни ҷавонону наврасон имрӯзҳо ба чашм мерасанд ва пешгирӣ намудани ин ҳодисаҳои нангин вазифаи ҳар як ҷавони бо нангу номус ба ҳисоб меравад.

Вернуться назад