Главная > Навидҳо > Дар шаҳри Хоруғ бунёди бинои нави «Амонатбонк» оғоз ёфт

Дар шаҳри Хоруғ бунёди бинои нави «Амонатбонк» оғоз ёфт


3-07-2019, 15:55.
Бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Парвиз-92» ба сохтмони бинои нави бахши вилоятии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» шурӯъ карданд. Бино аз чаҳор ошёна иборат буда, дар хиёбони марказӣ ва дар канори дарёи Ғунд ҷойгир аст.

Ба қавли муҳандиси сохтмон Мамадалӣ Саидов, онҳо қитъаи заминро тахту ҳамвор намуда, ба бунёди таҳхонаи бино оғоз карданд. Ҳоло се техника ва 10 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд ва рӯзҳои наздик шумораи коргарон афзоиш хоҳад ёфт. Мутобиқи лоиҳа, бино чорошёна буда, барои кормандони ҳар як бахшу шуъба утоқҳои алоҳидаи корӣ, гӯшаҳои мухталифи маркази хизматрасонӣ, мошинсаро ва дигар ҷузвҳо иборат аст. Барои бунёди бино Ҳукумати мамлакат 11 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Дар асоси нақша бинои мазкур дар муддати яку ним сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Ба гуфтаи сардори бахши вилоятии БДА «Амонатбонк» Зайнаб Мамадназарзода, биное, ки ҳоло дар он фаъолият мекунанд, охири солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохта шудааст ва ба шароити имрӯза комилан номутобиқ аст. Ин дар ҳолест, ки сол то сол теъдоди мизоҷони мо рӯ ба афзоиш дорад. Ба сабаби танг будани масоҳати толори хизматрасонӣ ва вуҷуд надоштани ҳавлӣ мизоҷон маҷбур мешаванд, ки берун аз бино, дар роҳи пиёдагард навбатро интизор шаванд.

Сардори бахши вилоятии «Амонатбонк» гуфт: “бо ирсоли як нома аз Пешвои миллат хоҳиш кардем, ки дар ҳалли ин масъала моро дастгирӣ намоянд ва баъди чанд муддат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ қитъаи замин ва Ҳукумати кишвар барои бунёди бино 11 миллион сомонӣ ҷудо кард”.

Ба нақли номбурда, бинои нави бонк дар ҷои муносибу мувофиқ барои мизоҷон бунёд мегардад. Аз як тарафи он бозори марказии шаҳр ва аз тарафи дигар терминали мусофирашонӣ ҷой гирифтааст.
Вернуться назад