Главная > Навидҳо > Дар ноҳияи Ёвон боз як муассисаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор гирифт

Дар ноҳияи Ёвон боз як муассисаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор гирифт


1-07-2019, 13:26.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Бӯстон-1»-и ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон як маркази саломатӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази саломатии деҳаи мазкур тибқи нақша ба сеюним ҳазор аҳолии ҷамоат хизмат намуда, ҳаҷми сармояи он 1200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар маркази мазкур ҳафт нафар пизишкони болаёқат бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Марказ дорои 7 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳу ташхисгоҳ мебошад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, маркази саломатии мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин муассисаи тиббӣ ҳамчунин бо тамоми таҷҳизоти тиббии зарурӣ, таҳлилгоҳ ва мебели тиббӣ таъмин гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана барои хизматрасонии 80 нафар дар як вақт чойхонаи миллӣ, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти «Ситораи сурх» ва деҳаи «Бӯстон-2», ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова як мағозаи замонавӣ ва дар гардиши кӯчаи ба номи К. Қурбонови ҳамин ҷамоат нуқтаи шустушӯи нақлиёт, мағозаи замонавӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтанд. Дар иншооти мазкур, дар маҷмӯъ 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар маросими ба истифода додани ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова ва раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темурзода иштирок доштанд.

Номбурдагон иброз доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳу купурӯкҳо, китобхона, қасрҳои фарҳанг, майдончаҳои варзишию истироҳатӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо бунёд мегарданд, ки онҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.
Вернуться назад