Главная > Навидҳо > Дар Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд

Дар Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд


1-07-2019, 10:59.
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Озмунҳои мазкур солҳои 2019, 2020, 2021 гузаронида шуда, ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи ҳар сол ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи ин қарор Комиссияи шаҳрӣ муваззаф гардидааст, ки натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст намояд.

Ҳамчунин ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» — 12 ҳазор сомонӣ (барои ҷойи якум -6 ҳазор, ҷойи дуюм- 4 ҳазор ва ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ) ва «Кӯчаи беҳтарин» -12 ҳазор сомонӣ ( барои ҷойи якум 6 ҳазор, ҷойи дуюм- 4 ҳазор ва ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ) дар соли 2019 ҷудо намуда, солҳои 2020 ва 2021 маблағҳои заруриро таъмин намояд.

«Ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд. Баргузории озмунҳои зикргардида барои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд»,-афзуд манбаъ.
Вернуться назад