Главная > Навидҳо > Хуҷанд: Бунёди 29 майдончаи варзишӣ

Хуҷанд: Бунёди 29 майдончаи варзишӣ


8-02-2016, 15:06.

Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар маркази вилоят зиёда аз 29 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳафтаи равон корҳои омодагӣ ва ҳамвор намудани мавзеи яке аз ин майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» оғоз гардид.
Майдончаи варзишӣ байни биноҳои баландошёнаи истиқоматии № 40, 40 «а», 39, 6, 6 «а», 18, 5, бунёд ёфта, сохтмони онро Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба зимма дорад. Лозим ба ёддоварист, ки дар биноҳои номбурда бештар аз якуним ҳазор сокинон истиқомат дошта, майдончаи мазкур барои тарғиби бошандагони ин маҳал ба тарзи ҳаёти солим имконияти хуб фароҳам хоҳад овард. Назар ба маълумоти масъулини Идораи хоҷагию манзилии соҳили рости шаҳр, майдончаи мазкур дар арафаи таҷлили рӯзҳои Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.


Вернуться назад