Главная > Навидҳо > Таҳлили оқибатҳои заминҷунбӣ

Таҳлили оқибатҳои заминҷунбӣ


29-01-2016, 09:19.
Дар толори маҷлиси кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба оқибатҳои заминларзаи тирамоҳи соли 2015 дар ҷумҳурӣ рух дода баргузор гардид.
Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол иштирокчиёнро дуруд гуфта, зикр намуд, ки мардуми заҳматкаши тоҷик баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи ҷабҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мамлакат қадамҳои устувор мегузоранд.
Дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи сохтмону меъмориро воқеан ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ менамоянд.
Чи тавре ки ҳамаи шумо огоҳӣ доред, рӯзи 26 октябри соли 2015 соати 14:10 бо вақти Душанбе дар қаламрави бештари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон заминҷунбии сахт ба вуқӯъ омад.
Тибқи маълумоти расадхонаҳои зилзиласанҷӣ манбаи заминҷунбӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар масофаи 77км ҷанубу шарқи шаҳри Файзободи Афғонистон ва 64км ҷанубу ғарби маркази ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон дар чуқурии 207км қарор дошт.
Заминҷунбӣ магнитудаи 7.5 дошт. Дар маркази зилзила заминҷунбӣ бо зилзиланокии 6-7 балл ҳис карда шуд. Дар Афғонистон зиёда аз 250 нафар қурбон гардиданд.
Дар шаҳри Душанбе, ки дар масофаи 350км аз маркази заминҷунбӣ ҷойгир мебошад, зилзила 5-6 балл ҳис карда шуд.
Азбаски манбаи заминҷунбӣ дар чуқурии зиёд ҷойгир шудааст, он минтақаи калонро фаро гирифт, аз ҷумла дар Ҳиндустон, Покистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баръало ҳис гардид. Дар шаҳри Тошканд 5 балл, дар Қирғизистон 3-4 балл таконҳои зилзила ба қайд гирифта шуданд.
Дар шаҳри Душанбе дар баъзе биноҳо зилзила таъсири худро гузошт, аз ҷумла дар Осорхонаи миллӣ, Гимназия-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат, мактаби таҳсилоти миёнаи №56, меҳмонхонаҳои Ҳайат, Шератон ва маркази ВЕФА.
Ҳамчунин, санаи 7 декабри соли 2015 соати 12:50 бо вақти Душанбе дар Тоҷикистон заминҷунбии сахт ба амал омад.
Тибқи маълумоти расадхонаи зилзиласанҷии Академияи илмҳо манбаи заминҷунбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар масофаи 25км аз кӯли Сарез, 93км ғарбтар аз маркази ноҳияи Мурғоб ва 142км шимолу шарқ аз шаҳри Хоруғ дар чуқурии 30км қарор дошт.
Магнитудаи заминҷунбӣ 7.2 муайян карда шудааст. Дар маркази зилзила заминҷунбӣ бо зилзиланокии 7-8 балл ҳис карда шудааст.
Дар шаҳри Душанбе, ки дар масофаи 363км аз маркази зилзила мебошад, таконҳо 3-4 балл ҳис карда шуданд. Заминҷунбӣ дар Афғонистон ва Қирғизистон низ ҳис карда шудааст.
Худи ҳамон рӯз ва пас аз он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикиҳои манбаъ боз заминҷунбиҳои зиёд – “афтершок”-ҳо, аз он ҷумла 7 декабр се ва 9 декабр боз як заминҷунбии магнитудаашон аз 5 зиёд ба қайд гирифта шуданд.
Заминҷунбӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ, аз ҷумла қад-қади дарёи Бартанг, ки ба манбаи зилзила наздик аст, ҳисороти зиёд овард: 237 хонаи истиқоматӣ, 1 мактаб 1 бунгоҳи тиббӣ пурра, 583 хона – қисман зарар диданд.
Вобаста ба ин, изҳор намуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., фикр мекунам, маърӯзаҳои семинари имрӯза аз натиҷаи оқибатҳои заминҷунбӣ пурмаҳсул ва манфиатнок хоҳад буд.
Сипас, муовини директори Институти геология, сохтмони ба замин-
ҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ясунов М.К., бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Таъсири
заминҷунбӣ ба меҳмонхонаҳои “Шератон”, “Ҳайат Реҷенсӣ” ва “VEFA Centr” баромад намуд.
Хокиев М.К., директори ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Хосиятҳои механикии сихи гул (арматураҳо) ва пайдошавии тарқишҳо дар сохтҳои оҳанубетонӣ”, Негматов Т.А., сардори Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ бо маърӯзаи“Оқибатҳои заминҷунбӣ дар Гимназия-интернати Президентӣ бароихонандагони болаёқат” –
Бегмуродов С., мудири шуъбаи азнавсозӣ ва зилзилатобоварии бино ва иншооти ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” бо маърӯзаи “Заминҷунбии 7 декабри соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”, Ҳомидов Д.Ш., сардори шуъбаиташхиси лоиҳаҳои энергетикӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявидошта, сарконструктори КВД “Ташхисгар” бо маърӯзаи – “Иншооти “Душанбе Плаза” ва таъсири заминҷунбиҳо ба он”, Саломов М., сармуҳандиси КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” бо маърӯзаи “Таъсири заминҷунбӣ ба биноҳои мактаби таҳсилоти умумии №56 ш. Душанбе баромад намуда, ба саволҳои сершумори иштирокдорони семинар ҷавобҳои муфассал доданд.
Ба ақидаи сардори Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ Неъматов Т.О., таҳлили оқибатҳои заминҷунбӣ нишон медиҳанд, ки мондани фосила байни пуркунии хиштини деворҳо ва сохтҳои борбардори амудӣ масъалаи бисёр муҳим аст. Дар биноҳои гимназия дар сурати вуҷуд доштани чунин фосила ҷойивазкуниҳои уреби каркаси оҳанубетонии биноҳо дар ҳудуди ин фосила сурат гирифта, таъсири онҳо ба деворҳо танҳо ба андова дар хатти расиши деворҳо бо сохтҳои борбардор ба вуҷуд меомад.
Нуқсонҳо танҳо дар контури пуркунии хиштин пайдо мешуданд, ки хароҷоти камтари таъмирро талаб менамуданд. Бо сабаби он, ки фосила гузошта нашудааст, пуркунии хиштин таъсири заминҷунбиро ба пуррагӣ қабул намудааст ва дар он нуқсонҳои зиёд пайдо шудаанд.
Сифати корҳои хиштчинӣ беҳбудиро талаб менамояд. Дар фасли тобистон дар шароити иқлими Тоҷикистон таъмин намудани сифати корҳои хиштчинӣ бе таркунии қаблии хишт номумкин аст. Мутаассифона, ташкилотҳои пудратӣ ба коргарони хиштчин шароити таркунии хиштҳоро фароҳам намеоваранд.
Ҳамчунин дар иҷрои дилакҳои оҳанубетонии чиниши хиштинро мустаҳкамкунанда камбудиҳо дида мешавад. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки арматураи дилакҳо ба конструксияҳои оҳанубетонии болоӣ маҳкам карда намешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто арматураи амудии дилакҳо танҳо то болодарӣ (перемычка) оварда мешаванд.
Маълум аст, ки дилакҳо барои устувории девору миёнадеворҳо дар самти аз сатҳи девор (ба русӣ - из плоскости стены) таъин гардидаанд. Дар ҳолати дар конструксияи борбардори болоӣ маҳкам накардан, онҳо таъиноташонро иҷро карда наметавонанд.
Аз ин лиҳоз Неъматов Т.О. пешниҳод намуд,ки минбаъд махсусан ба ин камбудиҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо, дар муҳокимаи масъала муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю., Директори хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Таваров Р.Ҳ., Негматов Т.А., Ясунов П.А., Ҳомидов Д.Ш. - баромад намуданд.
Баъд аз муҳокимаи масъала Раиси Кумита супориш дод, ки гурӯҳи корӣ дар ҳайати Негматов Т.А. - сардори Раёсати илм ва танзими меъёрию техникӣ, Умаров У.Х. – директори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”, Ясунов П.А. - муовини директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ, Хокиев М.К.- директори ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП”, Ҳомидов Д.Ш. - сардори шуъбаиташхиси лоиҳаҳои энергетикӣ ва аҳамияти ҷумҳуриявидошта, сарконструктори КВД “Ташхисгар”, Насруллоев Ҳ. – мудири устохонаи лоиҳакашии №2 ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП”, Раҳимов С. – сармутахассиси ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП”таъсис дода шуда, вазифадор карда шаванд, ки лоиҳаи фармоиши Раиси Кумитарооид ба масъалаҳои дар семинар-машварат муҳокимашуда омода намояд.
Ба Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” супориш дода шуд, ки барои пуркунии деворҳо ва сохтмони миёнадеворҳо гиреҳҳои намунавии маҳкамкунии онҳо ба сохтҳои борбардор барои ҳама намуди масолеҳи майдадона: хишт, блокҳои бетонӣ, пенобетонӣ ва ғайра дар мувофиқа бо пажӯҳишгоҳҳои лоиҳасозии соҳавӣ таҳия намояд.
Д.Табарова
Вернуться назад