Главная > Навидҳо > Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад

Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад


14-06-2019, 16:00.
Нимаи дуюми имрӯз Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.
Вернуться назад