Главная > Навидҳо > Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҷиҳати иштирок дар Саммити МҲТБО ба Душанбе ташриф овард
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҷиҳати иштирок дар Саммити МҲТБО ба Душанбе ташриф овард14-06-2019, 17:59. |
Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд. 15 июн Қосим-Жомарт Токаев дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд. Вернуться назад |