Главная > Навидҳо > Дар Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонию бетонӣ бунёд мегардад

Дар Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент ва маҳсулоти сохтмонию бетонӣ бунёд мегардад


12-06-2019, 15:55.
Дар зарфи панҷ соли оянда дар канори Душанбе боз як корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта бунёд мегардад. Дар ин росто, 10 июн дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Санади мазкурро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва директори ҶСК «Тоҷиксемент» Муродҷон Шарифов имзо гузоштанд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои бунёди ин корхонаи саноатӣ 100 миллион долллари амрикоӣ сармояи мустақим ҷалб карда хоҳад шуд. Интизор меравад, ки иқтидори корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта истеҳсоли 1,2 миллион тонна семент ва 80 миллион дона халта дар як сол мебошад.

Имзои Созишнома оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти сохтмонию бетонӣ ва халта дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон карда, бо табиқи он Тоҷикистон аз модели давлати аграрӣ ба кишвари индустриалӣ –аграрӣ мегузарад.
Вернуться назад