Главная > Навидҳо > Дар Душанбе аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз гардид

Дар Душанбе аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз гардид


10-06-2019, 14:22.
Нимаи дуюми рӯзи 8 июн дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бо баргузории Фестивали шоҳмот аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз гардид.

Дар Фестивал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва дигар масъулин иштирок доштанд.

Дар ин бора Меҳрони Қурбон муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода хабар дод.

Дар оғози Фестивал Аҳтам Абдуллозода зикр кард, ки дар доираи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ бори аввал Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар чор марҳила миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аллакай аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.

«Мояи ифтихор аст, ки имрӯз наврасони тоҷик дар ин намуди варзиш дар арсаи байналмилалӣ шарафи варзишии мамлакатро ҳифз карда, ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд. Чанд рӯз қабл варзишгари навраси ҷумҳурӣ Сабрина Абророва дар як мусобиқаи бонуфуз дар шаҳри Ханти Мансийскийи Федератсияи Россия миёни 60 давлати ҷаҳон ғолиб шуд. Барои ин комёбӣ ба Сабрина ва падару модар, инчунин мураббии ӯ изҳори миннатдорӣ мекунам», — афзуд А.Абдуллозода.

Зикр шуд, ки хароҷоти сафари Сабрина Абророва ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ояндаи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат маблағгузорӣ мешавад.

Адҳам Маъмурзода иброз дошт, ки шоҳмот намуди варзише мебошад, ки барои ташаккули шахсияти инсон мусоидат мекунад. Номбурда афзуд, ки дар ин робита бо супориши Президенти ҷумҳурӣ 3 сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат барномаи таълимии шоҳмот ва маҳфилҳову дастурамалҳо ба роҳ монда шудааст, ки заминаи мусоид барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ мегардад.

Сипас бо пеш кардани муҳраҳои шоҳмот аз ҷониби ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва ғолиби Бозиҳои ҷаҳонии наврасон Сабрина Абророва Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Президенти ҷумҳурӣ аз 10 июн то 8 июл дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таълимии олию миёна, даври дуюм аз 8 июл то 25 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум, даври сеюм аз 5 то 25 сентябр дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мешавад.

Даври ниҳоии мусобиқа аз 1 то 5 октябри соли равон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бо баргузории фестивали оммавӣ баргузор мешавад.

Бояд илова кард, ки барои ҷои якуми даставӣ 30 ҳазор сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 ҳазор сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Вернуться назад