Главная > Навидҳо > Дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад

Дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад


7-06-2019, 13:43.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмони иншооти таъйиноти гуногун бомаром идома дорад. Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои истироҳату табобати сокинон, меҳмонон ва сайёҳон маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ бунёд гардида истодааст.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, дирӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон боздид намуда, бо рафти корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид. Аз ҷумла, зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ, иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ин иншоот барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонии он ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷуми бино корҳо идома доранд.

Раиси вилоят бунёди маҷмааи наву замонавиро ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар идомаи боздид Р.Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Моҳии Суғд» шинос шуда, аз сардхонаҳои ин ҷамъият дидан намуд. Бояд гуфт, ки зимни боздиди қаблӣ Раиси вилоят аз фаъолияти сусти ин ҷамъият изҳори нигаронӣ карда, барои таъмиру навсозии сардхонаҳо супоришҳои мушаххас дода буд.

Роҳбарияти ҷамъият баҳри рафъи камбудиҳо дар муддати кӯтоҳ ду сардхонаро аз таъмир баровард, ки дар онҳо метавон 300 тонна моҳиро захира кард.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ мегардад. Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир андешида шуда, дар дарёву обанборҳои вилоят садҳо ҳазор моҳиҳои навъи карп, пешонағафси сафеду ало, амури сафед, суфамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, шофмоҳӣ, жерех ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.


Вернуться назад