Главная > Навидҳо > Кормандони Кумита Паёми Президенти мамлакатро хуш истиқбол гирифтанд

Кормандони Кумита Паёми Президенти мамлакатро хуш истиқбол гирифтанд


21-01-2016, 15:25.
Субҳи 20-уми январи соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумита ва воҳидҳои тобеи он – ҶСК «Шаҳрофар», КВД «Лоиҳакаш», ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ», КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ», Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, КВД «Ташхисгар», дар маҷлисгоҳи корхонаашон ҷамъ омада, бо рӯҳияи баланди сиёсӣ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Кормандони Кумита Паёми Президенти мамлакатро хуш истиқбол гирифтанд Кормандони Кумита Паёми Президенти мамлакатро хуш истиқбол гирифтанд

Сардори давлат ба тамоми соҳаҳо диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо 25 фоиз зиёд кард.

Инчунин дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) оғоз мегардад.

Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб – Хоруғ - Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб - Шӯрообод ба масофаи 32 километр ва Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки соли 2016 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва итминон дорам, ки ин санаи бузургу тақдирсозро мо ҳама якҷо бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

Дарвоқеъ, мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизоранд ва он барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.
Ба андешаи Ҳ.Самизода- Cардори Раёсати барномаҳои сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумита тасмимҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми имсола ирсол гардиданд, воқеан ҳам ба боло бурдани сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзуннамоии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, он барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

-Мисолҳои мушаххаси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон низ нишон доданд, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманд, нақшаҳои минбаъдаи рушду нумӯъ ва ҳадафи асосии зикрнамудаашон ба кормандони Кумитаи меморӣ ва сохтмон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Дар маҷмӯъ аҳли кормандони Кумита якдилона Паёмро маъқул дониста, ҷонибдорӣ карданд ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои Сардори давлат дар самтҳои касбомӯзонию забономӯзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ ва дастгирии ниёзмандон мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳем иброз дошт, - сардори Раёсати корҳои Кумита - А. Сафаров.

Кормандони Кумита Паёми Президенти мамлакатро хуш истиқбол гирифтанд Кормандони Кумита Паёми Президенти мамлакатро хуш истиқбол гирифтанд

Вернуться назад