Главная > Навидҳо > Дар Москва нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуровро гузоштанд

Дар Москва нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуровро гузоштанд


29-05-2019, 14:28.

Дар Москва нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуровро гузоштандДар шаҳри Москва ба муносибати 240-солагии Донишгоҳи давлатии заминсозии Россия дар як маросими ботантана «Кӯи номдорон» ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад АИ «Спутник».

Дар «Кӯи номдорон» нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Россия гузошта шудааст. Миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.

«Мо беҳтарин хатмкунандагони ин донишгоҳро интихоб кардем. Ин шахсоне ҳастанд, ки барои рушди кишвари худ саҳми арзанда гузоштанд. Ба назари мо Шукурҷон Зуҳуров яке аз беҳтарин хатмкунандагони тоҷикистонии донишгоҳи мо мебошад. Ӯ барои рушди кишвараш корҳои зиёде анҷом додааст», — таъкид кард Василий Нилиповский, ноиби ректори донишгоҳ оид ба равобити байналмилалӣ.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сергей Волков, ректори Донишгоҳи давлатии заминсозӣ, ифтитоҳи «Кӯи номдорон» барои донишгоҳ як лаҳзаи таърхӣ мебошад.

Роҳбарияти Донишгоҳ барои интихоби беҳтаринҳо, ки нимпайкараҳояшон дар «Кӯи номдорон» гузошта шуданд, озмун эълон намуда буд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёну, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ фаъолона ширкат намуданд.
Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии интернетӣ 12 нафар интихоб шуд. Миёни 12 нафаре, ки нимпайкараҳои онҳо дар «Кӯи номдорон»-и донишгоҳ гузошта шудааст, нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ ҷой гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Россия ва Донишгоҳи давлатии заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

“Барои Тоҷикистон ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони баландихтисос Россия яке аз давлатҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. 27 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Россия таҳсил мекунанд. Мутахассисоне, ки донишгоҳҳои Россияро чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ дар замони баъд аз пош хурдани иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардаанд, дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз миёни нимпайкараҳои 12 ашхоси бонуфузе, ки ин донишгоҳро хатм кардаанд, нипайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ гузошта шудааст. Ин барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст” — гуфт Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов.
Сафир инчунин илова кард, ки ин иқдом намунаи рушди дӯстӣ миёни Тоҷикистону Россия мебошад.

“Ба назари ман гузоштани ин нимпайкара ба як шахсияти сиёсии Тоҷикистон ин эҳтиром ба ҷумҳурии мост ва мо аз ин иқдом сипосгузорем”, -зикр намуд Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов.

Дар «Кӯи номдорон» ҳамчунин нимпайкараҳои дигар чеҳраҳои шинохтаи донишгоҳ гузошта шудаанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо нимпайкараҳои вазири маорифи Россияи императорӣ Владимир Глазов, профессор Иван Герман, мутахассиси геодезия Иван Иверонов, донишмандони рус Алексей Маслов, Сергей Удачина, муовини Раиси Ҳукумати Русия, Вазири кишоварзии Россия дар солҳои 1996-1998 Виктор Хлистун, донишманди Латвияи шӯравӣ Виктор Тимофеев, Сарвазири Муғулистон Жанлавин Нарантсатсралта, Вазири замин ва захираҳои табии Чин Ма Кэвэй ва академик Юрий Неумивакин гузошта шудаанд.

Вернуться назад