Главная > Навидҳо > Азим Иброҳим: «Роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён замина мегузорад»

Азим Иброҳим: «Роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён замина мегузорад»


29-05-2019, 09:38.
Дирӯз дар километри 6-уми роҳи мошингарди «Балҷувон-Сари Хосор» зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо намояндагони Дирексияи сохтмонӣ оид ба иншооти ҳукуматӣ, Пажуҳишгоҳи лоиҳакашаии иншооти нақлиётӣ, САНИОСП ва пудратчиёни сохтмони ин роҳ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Муовини Сарвазир зикр намуд, ки тавре маълум аст, сохтмони роҳи мазкур бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст ва мавриди истифода қарор додани ин роҳ агар аз як тараф ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор мусоидат намояд, аз тарафи дигар дар самти кушодани хатсайри нави сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён замина мегузорад.

Азим Иброҳим дар якҷоягӣ бо намояндагони институтҳои лоиҳакашӣ ва пудратчиён аз мавзеъҳои дар фасли баҳор аз селу боришоти зиёд зарардидаи қитъаҳои роҳ дидан намуд. Зикр гардид, ки воқеан дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани сел баъзе аз қитъаҳои алоҳидаи роҳ зарари ҷиддӣ дидаанд, аммо пудратчиён, ки соли сеюм аст дар ин роҳ кор мекунанд, бояд бо назардошти хусусиятҳои сели дарёи Сурхоб дар мавзеъҳои осебпазир корҳои махсуси соҳилмустаҳкамкуниро тибқи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор ба роҳ мемонданд. Аз ин лиҳоз, пудратчиён вазифадор карда шуданд, ки қитъаҳои зарардидаи роҳро аз ҳисоби худ барқарор созанд.

Бо мақсади пешгирӣ кардани чунин пайомадҳои номатлуб муовини Сарвазир супориш дод, ки дар асоси хулосаи КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашаии иншооти нақлиётӣ» ва Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, мавзеъҳои осебпазири роҳ муайян карда шаванд ва зимни гузаронидани ташхис ҳеҷ қитъаи роҳ набояд аз мадди назар дур монад.

Бо назардошти мушоҳидаҳо ва омӯхтани хусусияти сел дар мавзеъҳои осебпазир пешбинӣ намудани сохтмони иншооти иловагии соҳилмустаҳкамкунӣ ба нақша гирифта шавад. Бо мақсади пешгирӣ аз шусташавӣ дар қитъаҳои анҷомёфтаи сохтмони роҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ бояд сари вақт ва босифат анҷом дода шаванд.

«Мусаллам аст, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳа маблағи иловагиро талаб менамояд, аммо онҳо бояд дар асоси ҳисобу китоби дақиқ таҳия ва пешниҳод карда шаванд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки маҷмӯи корҳои сохтмониро дар доираи буҷети пешбинишудаи лоиҳавӣ амалӣ гардонем. Роҳи мазкур бояд мутобиқ ба меъёрҳо дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд сохта шуда, ба мардум хизмат расонад»,-таъкид намуд муовини Сарвазир.


Вернуться назад