Главная > Навидҳо > Истиқболи мардуми Суғд аз Паёми Пешвои миллат

Истиқболи мардуми Суғд аз Паёми Пешвои миллат


20-01-2016, 13:07.

Субҳи имрӯз дар толори тамоми корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳои вилояти Суғд новобаста аз шакли моликияташон пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин тамошои Паёми Роҳбари давлат дар маҷлисгоҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ бо иштироки кормандони масъули ҳукуматҳо ҷараён дошт.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, сокинони вилоят Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ хуш истиқбол гирифтанд.
Ба андешаи иштирокдорон тасмимҳои Сарвари давлат ки дар Паёми имсола ирсол гардиданд, воқеан хам ба боло бурдани сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзуннамоии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои корӣ ва маошу нафақа, хосатан ба рушду нумӯи ҷомеа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, он барои ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Вернуться назад