Главная > Навидҳо > Президенти мамлакат дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро ифтитоҳ намуданд

Президенти мамлакат дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро ифтитоҳ намуданд


23-05-2019, 09:42.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингарди “Данғара — Пушинг” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Пушинг дигар иншоотро, ки аз тарафи сокинони ватанпарвари он сохта шудааст, ифтитоҳ карданд.

Дар маркази деҳаи Пушинг бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби муосир бунёд гардид.

Сохтмони бинои нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5-и деҳаи Пушинг соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои фасли зебои баҳор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Масоҳати умумии замини мактаб 2,5 гектарро ташкил медиҳад ва он дар маркази деҳа дар ҷойи хушбоду ҳаво сохта шудааст.

Мактаб барои 1520 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду бинои алоҳида иборат аст. Муассисаи таълимӣ се ошёна буда, дорои 30 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ бо 25 компютер, химия, биология ва физика мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбобҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Барои таъмини пурраи шароити илму ҳунаромӯзӣ, ба машқу тамрин фаро гарифтани фарзандон дар муассисаи тозабунёд муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла, толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст ва майдончаи варзиш барои бозиҳои мухталифи варзишӣ.

Барои баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва дигар ҷамъомадҳо толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст.

Ошхона бо 50 ҷой, буғхона барои гармидиҳӣ ба синфхонаҳои мактаб, ҳавзи об барои таъмини оби ошомиданӣ бо ғунҷоиши 15 куб об ва анбори захираи ангишт аз имконоти дигари муассиса мебошад, ки дар вақти бунёди мактаб ба инобат гирифта шудааст.

Дар вақти сохтмони мактаби нав 500 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Дар деҳаи Пушинг қаблан мактаб бо 850 нафар ҷой фаъолият дошт, вале он ба шароити рӯз ва талабот ҷавобгӯ набуд.

Инак бо дастгирии Пешвои миллат ин мушкилии фарзандони сокинони деҳаи Пушинг ҳал гардид ва онҳо соҳиби даргоҳи замонавии илму маърифат гардиданд.
Вернуться назад