Главная > Навидҳо > САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА ДАНҒАРА: дар деҳаи Пушинг таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор гирифт

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА ДАНҒАРА: дар деҳаи Пушинг таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор гирифт


23-05-2019, 10:39.
Дар маркази деҳаи Пушинг бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таваллудхонаи муосир дар шафати муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ ёфт.

Беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ба хотири ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти марказҳои саломатӣ, осон кардани мушкили мардум барои ташхису табобат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмону муҷаҳҳазгардонии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар деҳоти Пушинг қаблан бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард, ки ба ҳама сокинон ба таври қонеъкунанда хизмат расонида наметавонист.

Аз ҷониби соҳибкорони деҳа маркази саломатии куҳна аз нав таъмиру таҷдид гардида, дар назди он таваллудхонаи муосир бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуд.

Дар маркази саломатӣ ва таваллудхонаи нав 3 ҳуҷраи модару кудак, 1 ҳуҷраи хатна, 2 утоқи ташхис (узи) ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Солҳои пеш мардум барои ташхису табобат дар фаслҳои гармову сардӣ ба маркази ноҳия мерафтанд. Акнун ин мушкилоти онҳо бо бунёди таваллудхона ва таҷдиди маркази саломатӣ ҳал гардид.

Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази саломатии деҳаи Пушинг мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карданд.

Сарвари давлат ба иқдоми шоистаи сокинони деҳа, соҳибкорони саховатманду ватандӯст барои бунёди таваллудхона ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Вернуться назад