Главная > Навидҳо > Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба зиёда аз 450 ҳазор тонна расонида шуд

Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба зиёда аз 450 ҳазор тонна расонида шуд


17-05-2019, 11:41.
Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 450 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 135 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт бо ангишт дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, ба роҳбарони корхонаҳои зертобеи худ ва соҳибкорони ватанӣ дастурҳои мушаххас дода истодааст. Дар натиҷа бо кӯшишу заҳмати роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт нишондодҳои нақшаи панҷмоҳа 14 майи соли равон барзиёд таъмин гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо дарназардошти бақияи соли сипаригардида 400 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Айни замон истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба 5000-6500 тонна расонида шудааст, ки муштариён метавонанд аз ин анборҳо хариди ангиштро ба роҳ монанд.
Вернуться назад