Главная > Навидҳо > Бунёди корхонаи сементбарорӣ

Бунёди корхонаи сементбарорӣ


21-01-2016, 12:48.

ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» нақша дорад, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи сементбарориро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Дар ин бора сардори сарраёсати сармоягузорӣ ва ҳамоҳангсозии кумаки берунаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Сафаралӣ Қурбонов иттилоъ дод.
Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 1 миллион тонна семент буда, то ҳол дар бунёди он ба маблағи 140 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ азхуд карда шудааст.

Вернуться назад