Главная > Навидҳо > Дар соҳили дарёи Сир маҷмааи истироҳативу фароғатӣ бунёд мегардад

Дар соҳили дарёи Сир маҷмааи истироҳативу фароғатӣ бунёд мегардад


11-05-2019, 13:38.

Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Дар соҳили чапи дарёи Сир, дар канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлӯи чойхонаи Сирдарё маҷмааи истироҳатию фароғатӣ бунёд мегардад. Дар вилояти Суғд бо такя ба маълумоти масъулини Идораи сохмони асосии вилоят иттилоъ медиҳад, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд 9 май бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ оғоз бахшида шуд.

Тибқи лоиҳа, Маҷмаа аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.

Ба иттилои манбаъ, мавзеи мазкур дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, бо бунёди чунин иншоот дар соҳили рӯди Сир он метавонад ба афзоиш ва ҷалби бештари теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ замина гузорад.



Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз беш аз 175 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ бо таъсиси қариб 1000 ҷойи нави кор ба истифода дода шудаанд.


Вернуться назад