Главная > Навидҳо > ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАРОИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ вазифаи муҳимтарин шуморида мешавад

ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАРОИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ вазифаи муҳимтарин шуморида мешавад


5-05-2019, 11:21.

Ҳамасола 5 май дар ҷаҳон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон таҷлил мегардад.

Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одамон яке аз навъҳои маъюбиятро дороянд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои ҳамаи шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудааст ва рӯз аз рӯз шароит барои онҳо беҳтар мегардад.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Абдуллоев зикр намуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон зикр мекунанд, ки «мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».

-Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии санадҳои асосии байналмилалӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷиҳати таъмини шароит барои шахсони маъюб саъю талош менамояд. Аз ин рӯ 22 марти соли 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, дар доираи чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд, ки ғамхории Пешвои миллатамонро нисбат ба шахсони маъюб ифода менамояд,- зикр дошт мавсуф.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба имзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба давлатҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллиро вобаста ба масъалаҳои шахсони маъюб қавӣ намоянд ва барои беҳтар гардонидани ҳаёти онҳо мусоидат кунанд.

Ҳамчунин Б. Абдуллоев зикр намуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҳуқуқи шахсони миконияташон маҳдуд тибқи Барномаи амали мақомот бо ташаббуси худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд бо иштироки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ семинару ҳамоишҳо мегузаронад.

«Дар ин чорабиниҳо масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани шахсони имконияташон маҳдуд, масъалаи касбомӯзии онҳо, расонидани кумакҳои моддӣ ва маънавӣ, дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ мегарданд», — гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли равон теъдоди маъюбон 145 ҳазору 896 нафарро ташкил медиҳад. Аз онҳо 15 ҳазору 105 нафар маъюбони гурӯҳи якум, 69 ҳазору 880 нафар маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 ҳазор 356 нафар маъюбони гурӯҳи сеюм мебошанд.

Ба гуфтаи Б. Абдуллоев, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии маъюбон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» амалӣ карда мешаванд.

Дар 41 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, шахсони яккаву танҳо, пиронсолон, беморон, маъюбоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, барои ба худ расонидани хизмат қодир нестанд, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона таъсис дода шудааст.

Ӯ иброз намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар самти пешбурди ҳуқуқи маъюбон баъзе мушкилот низ ба назар мерасанд. «Муҳайё накардани муҳити дастрас, таъминоти нафақа, ҷойҳои корӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ, гирифтани роҳхат барои табобат, дастрасӣ ба иттилоот, табъиз ва тамғазании иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.

Дар амалия ҳанӯз ҳам дар баъзе ҳолатҳо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оид ба дастрасии маъюбон ба объектҳои инфрасохторӣ риоя намешаванд».

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоршуда аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор тавсияҳои дахлдор ирсол карда шуданд. Тибқи маълумоти воридшуда, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон соли 2018 дар ин самт санҷишҳо гузаронида, 61 камбудӣ ошкор намудааст. Оид ба бартараф кардани камбудиҳо аз тарафи Хадамот 17 амрнома дода шуда, нисбат ба 4 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима таъин гардидааст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хизматрасонии нақлиётӣ ба эҳтиёҷоти маъюбон ҷавобгӯй набуда, нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастқапак, асбоби болобардор, зинапоя ва дарҳои мувофиқ муҷаҳҳаз нашудаанд. Истгоҳҳо, гузаргоҳҳои пиёдагард ва зеризаминӣ низ ба меъёрҳои пешбинишуда мутобиқ карда нашудаанд.

Бояд гуфт, ки масъалаи бо кор таъмин шудан мушкилоти дигари маъюбон мебошад. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оид ба муқаррар шудани квотаҳо барои маъюбон аз ҷониби корфармоён дар аксари ҳолатҳо риоя карда намешавад. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 51 ҳазору 605 нафар маъюбон бо кор фаро гирифта шудаанд, ки нокифоя мебошад, мегӯяд Б.Абдуллоев.

Хизматрасонии иҷтимоӣ барои тавонбахшии маъюбон аҳамияти муҳим дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1172 нафар бошандагон ба таъминоти давлатӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар ҷумҳурӣ таъминоти воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои маъюбон нокифоя мебошад. Маъюбон аз сифати аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти ортопедӣ ва дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ норозигӣ мекунанд. Ҳуқуқи дастрасии маъюбон ба иттилоот низ тавассути алифбои Брайл, субтитрҳо ва сурдотарҷумонҳо дар сатҳи кофӣ таъмин карда нашудаанд.

Дар афкори ҷомеа шахси маъюб ҳамчун инсони нотавон, эҳтиёҷманд ва нокомил қабул карда мешавад. Барои ҳамин зарур аст, ки тавассути чораҳои иттилоотиву маърифатӣ муносибати ҷомеа нисбат ба маъюбон тағйир дода шавад.

Бо мақсади ба пуррагӣ таъмин намудани дастрасии шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, пешниҳод карда мешавад, ки оид ба таъсис додани шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар шаҳру ноҳияҳое, ки онҳо таъсис дода нашудаанд, тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Вернуться назад