Главная > Навидҳо > Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 697800 сомонӣ ҷудо гардид

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 697800 сомонӣ ҷудо гардид


1-05-2019, 15:37.
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 697 800 (шашсаду наваду ҳафт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҷудо намояд. Тибқи қарори мазкур ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶДҶ ба андозаи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар ин давра кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ ҷудо мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 роҳандозӣ мегардад. Тибқи супориши Рустами Эмомалӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4 майи соли равон месупоранд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.
Вернуться назад